Навбат заданду мурғи саҳари бонг субҳ гуфт
Мутриб бигӯӣ навбати ушшоқ дар наҳуфт
Дилро чу лола аз май гулгуни шукуфтаи дор
Акнӯн ки лола парда барафканаду гули шкФт
Хоҳӣ ки сарфарози шӯии ҳамчуи зулфи ёр
Дар пои ёри саркаши хўршидчҳри уфт
Ҳар кас ки дид қомати он сарви сими тан
эй бас ки хоки пои санавбар ба дида рафт
Аз кӯй ӯ чигуна тавонам ки бигузарам
Булбул касе нагуфт ки тарк чаман бигуфт
Шуд муддатӣ ки дидаи ахтари шумори ман
Як шаби зи ишқи наргиси пари хоб ӯ нахуфт
эй онкии чашми шӯхи камондори дилкашат
Моро ба тири ғамзаи дили хӯни чикони бсФт
Шомаст гесуии ту ва то субҳи бастаи ақд
Тоқаст абрӯии ту ва бо моҳ гашта ҷуфт
Хоҷу ба зери ҷомаи ниҳон чун кунад сиришк
Дарё шунида ӣӣ ки ба доман тавон наҳуфт