Ҳечкас нест ки манзури маро нозир нест

Гарчи бар манзараши идроки назар қодир нест

Аикаҳ аз зикр ба мазкӯр наме пардозӣ

Ҳосил аз зикр забон чист чу дил зокир нест

Нисбат мо макун эй зоҳиди нодон ба фуҷур

Зонк сармаст май ишқ батон фоҷир нест

Гарчи халқӣ шудаанд аз ғами Лайлии маҷнӯн

Ҳечкас бар сифати Қайс банӣ омир нест

Ҳар дили хаста ки ӯ садрнишини ғами тест

Ғамаш аз вориду андешааш аз содир нест

зи оташи ишқи ту он сӯз ки дар ботини мост

Зоҳир онаст ки бар аҳли хирад зоҳир нест

Гар зи савдои ту эй нодарра ӣ даври замон

Хабар аз давр замонам набӯд нодир нест

Чун тавонам ки ба поён барам ин дафтар аз онк

Қисса ӣ ишқи ману ҳасани туро охир нест

Ман ба ғайри ту агар кофарам инкор макун

Конки дайн дар сари он кор кунад кофар нест

Ба сабурӣ натавон ҷустан азин дарди халос

Зонк нофеъ набӯд сабр чу дил собир нест

эй азизон агар он Юсуфи канъонии мост

Ҳар ки ӯро ба ду олами бихарад хоср нест

Қосрст аз хиради онкас мутасаввир бошад

Ки зи авсофи ту идроки хирад қосир нест

Гарчи хоҷуи зи ту як лаҳза нагардад ғоӣб

Ондмм бо ту ҳузураст ки ӯ ҳозир нест

На ман длшдаҳ дорам сари пайвандату бас

Кист онкаси сари пайванди ту дар хотир нест