эй боғбон бигӯ ки раҳ бӯстон куҷост

Дар бӯстони гулӣ чу рух дӯстон куҷост

Ваии дӯстон чаҳ бошад агар огаҳӣ диҳед

Кони сарви глъзори маро бӯстон куҷост

То чанд ташна бар сари оташ тавон нишаст

Он оби рӯҳпарвар оташ нишон куҷост

Дардам бҷон раседу табибам падед нест

Доруи фуруши хастаи длонро дукон куҷост

Ман хуфтаи ҳамчуи чашми ту ранҷур ва дар дилат

Рӯзӣ гузар накард ки он нотавон куҷост

Чун зоби дидаи ноқаи мо дар вҳл бимонад

Бо мо бигӯ ки марҳала корвон куҷост

Аз баси дили шикаста ки бар ҳам фитода аст

Пайдо намешавад ки раҳ сорибон куҷост

Дар водии фироқи биҷузи чашмҳои мо

Равшан бигӯ ки чашма ӣ об равон куҷост

Хоҷуи зи баҳри ишқи карон чун тавон гирифт

Зеро ки кас нагуфт ки онро карон куҷост