Сипедаи дам ки сабо бар чаман гузар ме кард

Дили марои зи гулистони ҷон хабар ме кард

Чу ғунча аз лаби он симбр сухан ме гуфт

Даҳони ғунчаи пар аз хурдаҳои зар ме кард

Агар зи наргиси масташи чаман нишон ме дод

Дилам бидида ӣ ҳасрати дарав назар ме кард

Тзрўи ҷони ман аз ошён бурун ме шуд

Чу гӯш бар сухани булбул саҳар ме кард

Шукуфаи баҳри тамошои боғи оризи дӯст

Сар аз дарича ӣ чубини шох бар ме кард

Камони абрӯии он ки чу ёд мекардам

Хаданги оҳи ман аз осмон гузар ме кард

Фалаки биёади тани симгуни мҳрўён

Дуруст рӯй ман аз меҳри дил чу зар ме кард

Саҳар ки шоҳиди ховари ниқоб бар ме дошт

Ҳадис рӯй ту ноҳид бо қамар ме кард

зи шавқи лаъли ту ҳар лаҳзаи мардуми чашмам

Лаби пиёлаи бхўноби дида тар ме кард

Дабир аз он лаби ширин ҳикоятӣ ме ронад

Даҳони танги қаламро пар аз шукр ме кард

Равони хаста ӣ хоҷуи зи шаҳри банди вуҷӯд

Бъзми малики адами дмбдм сафар ме кард