Ҳечкас нест ки васли ту таманно накунад
ё ҷафо бар ман длхстаҳ ӣ шайдо накунад
Ҳар ки савдои сари зулф ту дорад дар сар
Ин хаёласт ки сар дар сар савдо накунад
Чашми шӯхат чаҳ аҷабгар дили мардуми брбўд
Тарки сар маст маҳоласт ки яғмо накунад
Вомиқ он нест кигар теғ ниҳандаш бар сар
Сар бигардонаду ҷон дар сар узро накунад
Моҳи канъонии мо гӯи зи пас пардаи дарой
То дигар муддаии инкор Зулайхо накунад
Оқибати дӯди дилаш фош кунад аз равзан
Ҳар ки аз оташи дили сӯзад ва пайдо накунад
Марди соҳиб назар онаст ки то ҷон будаш
Натавонад ки назар дар рух зебо накунад
Он сеӣ сарви равон аз сар по нанишинад
То ман длшдаҳро бесар ва бепо накунад
Макун андеша ӣ фардоу қадаҳи нӯши имрӯз
Конки оқил буд андеша ӣ фардо накунад
Дар баҳорон ки арӯсони чаман ҷилва кунанд
Кист кӯро ҳаваси айш ва тамошо накунад
Дил куҷо барканд аз он лаб мегаван хоҷу
Зонка махмури бтрк меҳмро накунад