Бингар эй шамъ ки парвона дигар боз омад

Аз пай дил бишуду сӯхтаи пар боз омад

Гарчи сар то қадам аз оташи ғами сӯхта буд

Рафт ва сад бора аз он сӯхтатар боз омад

Ҳар ки бинад ман бебаргу наворо гуяд

ё раби ин хастаи ҷигар кӣ зи сафар боз омад

Сари таслим чу бар хат убудийят дошт

Чун қалам рафт баҳри сӯйу басар боз омад

Аҷаб он нест ки шуд бо лаби хушк аз бар дӯст

Аҷаб инаст ки бо дида итар боз омад

Ҳар киро бихбр афтод зи паймона ӣ ишқ

Ту мапиндор ки дигари бхбр боз омад

эй гул аз пардаи буруни ой ки мурғи саҳарӣ

Ҳамраҳи қофила ӣ боди саҳар боз омад

Айб хусрав макун эй муддаӣ ва талх магӯӣ

Гар зи шӯри лаби ширини зи шукр боз омад

Онки мурғи дилаш аз ҳасрати гул пар ме зад

Ҳамчуи булбули з чаман рафт ва дигар боз омад

Гар бтиғш бизанӣ боз наёяд зи назар

Ҳар ки чун мардумаки дидаи назар боз омад

Хези хоҷу ки чу ашк аз сари зар дар гузарем

То нгўинд ки шуд вази паии зар боз омад