Бануш лаъли музоб аз зумуррадин ақдоҳ

Бибин ки ҷавҳар рӯҳаст дар қадаҳ ё роҳ

Хушо биравӣ самани оризони сими андом

Ақиқи ноби мрўқи зи симгуни ақдоҳ

Бирез хӯни суроҳе ки дар шариъати ишқ

Шудаст хӯни ҳарифони сиблату хамри мубоҳ

Бишӯй далқи мураққаъи боби дида ӣ ҷом

Ки беқадаҳ набӯд дар салоҳу тавбаи салоҳ

Лаби ту бодагусорон рӯҳро соқист

Рухи ту хилватёни сабӯҳро мисбоҳ

Дар ту зумра ӣ арбоби шавқро манзил

Ғами ту махзани асрори ишқро мифтоҳ

Фурӯғ рӯй чу моҳи ту машриқи алонвор

Каманди зулфи сиёҳи ту қобзи алорўоҳ

Диҳад ду дида ӣ ман шарҳи маҷмаъи албҳрин

Кунад ҷамоли ту тақрири Фолқи алосбоҳ

Бисоз базми сабӯҳӣ кунун ки хоҷу

Лаби ту ҷом сабӯҳасту талъати ту сабоҳ