Гӯйии бути ман чун зи шабистон бадар ояд
Ҳўрист ки аз равза ӣ ризвон бадар ояд
Дигар мутамойил нашавад сарви хиромон
Чун сарви ман аз хонаи хиромон бадар ояд
Ҳар субҳдами он тарки парии рухи зи шабистон
Чун чашма ӣ хуршеди дурахшон бадар ояд
Обӣаст ки сарчашмааш аз оташи синаи сет
Ашкам ки азин дида ӣ гирён бадар ояд
То кӣ кашам аз сӯзи дили ин оҳи ҷигари сӯз
Ҳар чанд ки дӯд аз дили бирён бадар ояд
Шартаст на бар чашма ки бар чашм нишонанд
Монанди ту сарвӣ ки зи бустон бадар ояд
Зинсон ки дилам дар расани зулф ту овехт
Бошад ки аз он чоҳи занхдон бадар ояд
Гар наргиси хунхори ту хӯни дили ман рехт
Шак нест ки баси фитнаи зимистон бадар ояд
Ояд ҳамаи шаби зулфи сиёҳ ту бихобам
То худ чаҳ азин хоби парешон бадар ояд
Аз кӯии ту хоҷуи бҷФо боз нагардад
Булбул чаҳ кунадгар зи гулистон бадар ояд