Булбули длшдаҳ аз гул ба чаҳ рӯ боз ояд

Ки дилаш ҳар нафас аз шавқ ба парвоз ояд

Онк бигузашту маро дар ғами ҳиҷрони бгзошт

Боз ноед ва гар ояд зи сар ноз ояд

Ҳамдамии кӯ ки бирав арза кунам қиссаи шавқ

Ҳам дили хастаи магари муҳаррами ин роз ояд

Аз сари кӯии ту ҳар мурғ ки парвоз кунад

Ҷони ман наъраи занони пеши раҳаш боз ояд

Ҳар насимӣ ки аз он хитта наёяд бод аст

Хунаки он бод ки аз ҷониб Широз ояд

Мо дигар дар даҳан халқ фитодем валек

Чора набӯд зар агар дар даҳан газ ояд

Лолаи рухсора бхўн шавед ва сероб шавад

Сарв кӯтоҳ кунад даст ва сарафроз ояд

Булбулиро ки буд барги гулаш дар дами субҳ

Биҷуз аз нолаи шабгир ки дмсоз ояд

Гар саги кӯии ту бар хоки ман овоз диҳад

Ҷони ман бо саги кӯии ту ба овоз ояд

Вар чу чангам бизанӣ айн навозиш бошад

Соз безарб маҳоласт ки бар соз ояд

Булбули длшдаҳ гулбонг занад хоҷу ро

Ки дарин фасл касе аз гул ва мебоз ояд