Шукри танги ту танг шукр омад

Ҳалқа ӣ лаъли ту дарҷ гуҳар омад

Лабат аз танги шукри шӯр бар оварад

Бшкри ханда ӣ ширин чу дар омад

Чу назар дар хами абрӯӣ ту кардам

Қомати хештанам дар назар омад

Чун зи ишқи камарат кӯҳ гирифтам

Сайлам аз хӯни ҷигар бар камар омад

Гар дамӣ бар сари болини ман оӣӣ

Ҳама гӯйанд ки умрат басар омад

Комами ин буд ки ҷон бар ту фишонам

Оқибати коми ман хастаи баромад

Хоҷу он нест ки аз дард бинолад

Гарчи пайкони ғамаш бар ҷигар омад