эй малики дилам хароб карда
Дар куштани ман шитоб карда
Пеши лаби лаълати оби ҳайвон
Худро зи хиҷолат об карда
Рухсора ӣ лолау саман ро
Аз сунбултар ниқоб карда
Ҷузи зулфу рахт ки дид рӯзӣ
Шаби соя ӣ офтоб карда
Пиромни моҳи хати сабзаш
Нқшисти зи машк ноб карда
Ҷаъди ту насими субҳдам ро
Сармоя ӣ изтироб карда
Хӯни ҷигарами бғмзаҳи хӯрда
Бунёди дилам хароб карда
Соқии ғамати зи хӯни чашмам
Май дар қадаҳ шароб карда
Бар оташи лаъли обдорт
Хоҷуи дилу ҷон кабоб карда