эй оинаи қудрати бичўни илоҳӣ

Нури рахт аз турраи шаби бардаи сиёҳӣ

Хат бар рухи зебоӣ ту куфраст бар ислом

Рухсору сари зулф ту шаръасту муноҳӣ

Он ҷисм на ҷисмаст ки рӯҳӣаст муҷассам

Ваон рӯй на рӯйаст ки сиррӣаст илоҳӣ

Дар хирман хуршед занад оҳи ман оташ

Зон дар ту нагирад ки надории рухи коҳӣ

Ҳргаҳ ки хиромони шӯй эй хусрави хубон

Сад дил баравад дар ақабати ҳамчуи сипоҳӣ

Хоҷуи сухан васл магӯ беш ки дарвеш

Лоиқ набӯд бар китфаши халъати шоҳӣ