Ҳеҷ шукр чу он даҳон дидӣ

Ҳеҷ танги шукр чунон дидӣ

Он замонат ки дар канор омад

Ҷузи камари ҳеҷ дар миён дидӣ

Дар чамани ҳамчуи шамъи маҷлиси мо

Тўтӣии оташин забон дидӣ

Ростиро шмоӣли қад ӯ

Ҳеҷ дар сарв бӯстон дидӣ

Дилработар зи зулфу ориз ӯ

Шохи сунбул бар арғавон дидӣ

Дар фиғонами зи дасти қотили хеш

Куштаро ҳеҷ дар фиғон дидӣ

Ҳамчуи ғарқоби ишқ ӯ хоҷу

Ҳеҷ дарёӣ бекарон дидӣ