Дар шаби зулфи ту маҳтобӣ хушаст

Дар лаби лаъли ту ҷлобӣ хушаст

Пеши гесуят шабистонӣ накӯаст

Тоқи абрӯии ту миҳробӣ хушаст

Ҳалқа ӣ зулфи каманди осои ту

Чанбарии дилбанд ва қуллобӣ хушаст

Пеши рӯяти шамъ то чанд истад

Гӯ дамӣ биншин ки маҳтобӣ хушаст

Гар дилам дар тоб рафт аз турраи ?ут

Тайра натавон шуд ки он тобӣ хушаст

Оташи рӯят ки об гул бирехт

Дар саводи чашми ман обӣ хушаст

Мардуми чашмам ки дар хӯн ғарқа шуд

Дмбдм гуяд ки ғарқобӣ хушаст

Бар дар майхона хонам дарси ишқ

Зонк боби ошиқӣ бо бе хушаст

Бахти хоҷуи ҳамчуи чашми масти ту

Рӯзгорӣ шуд ки дар хобӣ хушаст