То дард наёбанд даворо нашносанд
То ранҷ набенанд шифоро нашносанд
Онҳо ки чу мо моҳии ин баҳр нигараданд
Шак нест ки моҳияти моро нашносанд
Бо ишқу ҳавои баргу наво рост наёяд
Хомӯш ки ушшоқи наворо нашносанд
Мансури бақо аз гузари дор фано ёфт
Ногашта фанои дори бақоро нашносанд
То мӯътакифони ҳарами каъба ӣ ваҳдат
Худро нашносанд худоро нашносанд
Ёрони вафодори ҷафоро напасанданд
Хубони ҷафои кори вафоро нашносанд
Онҳо ки надоранд нами чашму ғами дил
Хосияти ин обу ҳаворо нашносанд
Бо ишқи ту зибоӣӣ хубон нанамояд
Бо партави хуршеди сҳоро нашносанд
Хоҷу чаҳ аҷаб бошад араш кас нашносад
Шоҳони ҷаҳондори гадоро нашносанд