Ҳар кӯ назар кунад ба ту соҳиб назар шавад
Вонкш хабар шавад зи ғамат бехабар шавад
Чун обгинаи ин дили маҷрӯҳи нозукам
Ҳар чанд бештар шаканд тезтар шавад
Бигушо камар ки ҷома ӣ ҷонро қабо кунам
Гар зонк дасти ман бмёнт камар шавад
Манъам макун зи гиря ки дар оташи фироқ
Аз сими ашки кори рухами ҳамчу зар шавад
Аз дасти дида нома наёрам навишт аз онк
Ҳар лаҳзаи хӯн равон кунаду нома тар шавад
Кӣ бар кунам дил аз рухи ҷонон ки меҳр ӯ
Бо шер дар дил омад ва бо ҷон ба дар шавад
Бесар ба сар шавад ман длхстаҳро валек
Бе ӯ гумон мабар ки замонӣ ба сар шавад
эй дил сабур бош ва махӯр ғам ки оқибат
Ин шом субҳ гардад ва ин шаб саҳар шавад
Хоҷуи зи ишқ рӯй магардон ки дар ҳаво
Соир ба боли ҳиммату тоӣр ба пар шавад