Фурӯ рехтанд он замони сар ба сар
Чу борон бирав теғу тезу табар
Яке гурз зад он замон бар сараш
Яке теғи андохт бар пайкараш
Накард ҳеҷ бокӣ ҷаҳони паҳлавон
Ба як рӯзи бардошт ӯро равон
Ҳамон дам ба дарё фурӯ рехтанд
Яке шӯр ва ғавғо барангехтанд
зи девони ҳазорӣ фурӯ рафт боз
Наомад яке зон ҳама бар фароз
Дигар сар баровард он номдор
Ҳамон дам ба тираш задӣ бар канор
зи баси хӯни девон ки дар об шуд
Ҳама рӯй он баҳр хуноб шуд
Яке шуд гирифтори банду каманд
Яке шуд ба оби андаруни мустаманд
Бад-ӣни сони яке ҷанг омад падед
Фиғонаши ҳаме то ба кайвон расед
Шуданд оҷиз аз ҷанги шерони нар
Бимонаданд ҳайрону осемаи сар
Ки оё чаҳ созем тадбири кор
Барошуфт чун бахт аз рӯзгор