Ҷузи ту сармоя ҷон нест маро

Бе ту савдоӣ ҷинон нест маро

Кӣ кунам қавл касе дар ҳақи ту

Гӯши ҷузи ту ба ҷаҳон нест маро

Гар шавам аз сӯи кӯии ту ҷудо

Ғайри фарёд ва фиғон нест маро

Бевисолат ки ҷуз ӯ мояи айш

Нест шодӣ ба равон , нест маро

Ба вафои ту ки то рӯзи вафот

Ҷузи вафо аз ту гумон нест маро