Нашутур фӯлод ё мижгон дилдораст ин
Нашъат май ё нигоҳи чашм бемораст ин
Жола бар гул ё хуии хиҷлати зи шарм рӯй дӯст
ё арақ бар ҷабҳаи шӯх ситамкораст ин
Калаки Монии рехт бар барги самани машки хутан
ё хати нави срздаҳ аз рӯй дилдораст ин
Шамси ховар бар сар срўсҳӣ бигирифт ҷой
ё бало ё худ ҳамин боло ва рухсораст ин
Ҳаст ин ёқӯти кон , ёқӯти ҷони бедилон
Оби ҳайвон ё лаби лаъли шукр бораст ин
Қатраи оби бақо ё ршҳаҳи чоҳи занах
Себи бустони Ирам ё ғабғаб ёраст ин
Кист ин каз нағмаи ҷонкоҳ ӯ дил ме равад
Холиди длсўхтаҳ ё булбул зораст ин