Хусравӣ дорам ки карда даргаи маҳмиз ӯ
Лашгари ҷонҳо лагади кӯби сами шабдиз ӯ
Чун наад бар ҳам лаби нозук , тавон дидан чу дар
Ақди дандонҳо аён аз лаъли қандомез ӯ
Гар кашад бар барги гули Монии зи машктар рақам
Кӣ кашад тасвир рӯйу хати анбари без ӯ
Дар пас ойина битавон дид рӯйишро зи бас
Рахна ҳо уфтад дар ӯ аз ғамзаи хўнриз ӯ
Ончии хори қоқмш бо барг насрин ме кунад
Дил нахоҳад дид ҳаргиз аз хаданги тез ӯ
Гар задӣ холид ба ширини акс рӯй хусравам
Танг шукр мешудӣ бе шаки дили парвиз ӯ