эй аз гули рухсорати хӯни хӯрдаи гули минӯ

Бо қади ту то як мӯ фарқӣ набӯд як мӯ

Ин шамъи шаб тораст ё партав рухсораст ?

Ин нофа тотораст ё роиҳаи гесу

Брҷис мубаддил шуд бо меҳри ҷаҳони оро

ё ҳури рухи ҷонони мақрун ба хами абрӯ

Аз ғамзаи хўнризти дили риш буд , ҷони ҳам

Чун наргиси фаттонат кӣ дида касе ҷодӯ ?

Ёқӯт буд лаълати марҷони марои ёқӯт ?

Дар доираи носут , набӯд чу лабати дилҷӯ

Дар бурдани дили Њорут кӣ май шимурди морут ?

Гирад ба нигаҳи чашмат бар оҳӯи дусади оҳӯ

Гӯйанд магӯ бо каси чандини сухани ишқаш

Кӣ ганҷ ниҳон гардад дар дстгаҳи ҳиндӯ ?

Гарчи сухани холиди холии з балоғат нест

Лекин набӯд ӯро завқи сухани хоҷу