Онкии сад фазл бар равон дорад
Ҳар ки савдои ном он дорад
Номи номӣ ӯ ба байти ахир
Ҳамчу дар дар садаф макон дорад
Ганҷ фазласту маъдани ирфон
Зебад ар холидаш ниҳон дорад
Ончунон ҷой карда дар дили танг
Ту мапиндор ҷой ҷон дорад
Хома дар васфи одамият ӯ
Ахрсаст арча сад забон дорад
Зулфи сарбаста аз дили ушшоқ
Мурғи пои баста дар миён дорад