Агар муъоризаи ҳасани туро ба ҳур уфтад

Рух ту бинад ва аз шарм дар қусӯр уфтад

Ту офтобӣу фарёд меҳр бархезад

зи партави ту ба ҳар хона ӣӣ ки нур уфтад

Гумон мабар ки гузорами зи ихтиёри ту даст

Каманди ҳалқаи зулфати магар зарур уфтад

Гузори расми адоват ки аз ситеза гарӣ

зи дили рақиби ту наздик шуд ки давр уфтад

Балокашӣ чу хаёлӣ куҷост ҷузи Айюб

Ки дар кашокаши меҳнати чунин сабур уфтад