Носеҳ чаҳ кор дорад дар ишқи ёр бо мо

Ҷое ки ишқ бошад ӯро чаҳ кор бо мо

эй панди гӯй то кӣ манъам кунӣ зи гиря

Лутфӣ намой ва моро як дами гузор бо мо

Ганҷи мурод хоҳӣ бархез гарм чун шамъ

Дар кунҷи ноМуродии шаби зиндаи дор бо мо

Гар беқарор шуд дил дар ошиқӣ аҷаб нест

Чун рӯзи аввали ин буд ӯро қарор бо мо

Гар олимӣ ба зоҳир ёранд бо хаёлӣ

Хуш нест то ба маънӣ хуш нест ёр бо мо