Чашмати озори мо чаҳ ме хоҳад
Аз дили мубтало чаҳ ме хоҳад
Ман чу васли ту хостам ба дуо
Шайхи шаҳр аз дуо чаҳ ме хоҳад
Бӯсае закоти ҳасани маро
Бидиҳ аз ту гадо чаҳ ме хоҳад
Чун ғамат ҳарчӣ хост кард ба ҷон
Дигар аз ҷони мо чаҳ ме хоҳад
Ёр хоҳад ҳамеша хотири ман
Хотири ёр то чаҳ ме хоҳад
эй хаёлӣ махоҳ чораи зи ғайр
Сабр кун то худо чаҳ ме хоҳад