Дар чамани дӯш ба гули булбули душвори писанд

Сифати қад ту мегуфт ба овози баланд

То неи қанд ба ёқӯти лабат лофӣ зад

Дасти айём ҷудо мекунадаш банди зи банд

Ҳеҷ шак нест ки ошуфта дилон бисёранд

Дар каманди ту , вале чун ман бечора кам анд

Бози пайвасти дил аз санги маломат чу шикаст

Гарчи худ ҷом шикаста напазирад пайванд

Гуфта ӣӣ монеъи дидор ниқобаст ту ро

Ин гуноҳ аз тараф туаст ба рӯ беш мабанд

Охир аз сабри хаёлии ҳамаро равшан шуд

Ки шуд аз меҳри ҷамолат ба хаёлӣ хурсанд