Дилами ҷуз бо ғамат хуррам набошад
Давои риши ҷуз марҳам набошад
Агар шабҳои танҳои рафиқам
Ғам рӯй ту бошад ғам набошад
Туе мақсӯдам аз ҷон варна бе ту
Набошад ғам агар ҷон ҳам набошад
Гарм чизе набошад ҳеҷ дар дил
Ту бошӣ ҳеҷ чизе кам набошад
Дилӣ беғам талаб кардам хирад гуфт
Мҷуи чизе ки дар олам набошад
Чаҳ суд аз лофи ёрӣ эй хаёлӣ
Чу бунёди вафо муҳкам набошад