Рӯй ту таъна бар гул сероб ме занад
Лаъли ту ханда бар шукр ноб ме занад
Сунбули шикастаи хотир аз онаст дар чаман
Каз рашки сабзаи хати ту тоб ме занад
Хуши вақти наргиси ту ки дар айни сархушӣ
Пайваста дар миёнаи гул хоб ме занад
Дар орзӯии хайли хаёли ту ҳар шабӣ
Борони ашки хонаи чашм об ме занад
Рӯй аз дараш мтоби хаёлӣ ба ҳеҷ боб
Чун марди ишқи лоф аз ин боб ме занад