Касе чун гули даҳан пурханда дорад

Ки худро зоин чаман барканда дорад

Ҳавои бандагӣ дар ҳазрати дӯст

Ки дорад гуфт гуфтам банда дорад

Гуҳии сӯзади дилаш бар оташи ман

Ки ҳамчун шамъи шабро зинда дорад

Аҷаби ҳиндӯӣ бе раҳмии сети зулфат

Ки сарҳо зери по афканда дорад

Хаёлӣ гар бирафт аз даст ғам нест

Туро бар мо худо поянда дорад