Нози маи ҷуз ба ҳамин нест ки нурӣ дорад

Варна бо меҳри рахти нисбат даврӣ дорад

То бар абрӯии ту пайвасти дил гӯша нишин

Ба ҳузури ту ки пайваста ҳузурӣ дорад

Гӯшаи хотири ошиқи зи ҳавоӣ рух туаст

Ҳамчуи фирдавси сарое ки сарварӣ дорад

Ростӣ ҳарки кунад нисбати қади ту ба сарв

Ҳеҷ шак нест ки дар ақл қусӯрӣ дорад

Бо хаёлии зи ҷафо ҳарчӣ кунад маъзӯр аст

Ёр , зеро ки ҷавонаст ва ғурурӣ дорад