Об шуд пеши лабати қанд чу тар кардемаш

Дам зад аз рӯй ту ойӣна назар кардемаш

Ашки рози дили ғами дида ба мардум ме гуфт

Буд номаҳрам аз ин хона ба дар кардемаш

То дигар пеши рахт хира нахандад гули сурх

Дар чамани дӯш ба як ханда дигар кардемаш

Чашмат аз ҳоли дил бехабарон воқиф нест

Гарчи аз ҳоли дили хеш хабар кардемаш

Шаб чу шуд ранҷа ба дашноми хаёлии саг ӯ

Мо ба ихлоси дуоҳои саҳар кардемаш