Чун талаб кардем файзӣ аз саҳоби раҳматаш

Хирмани пиндори моро сӯхти барқи ғайраташ

Пояи иқболи боло аз улувва ҳиммат аст

Ҳаркиро ин поя бошад офарин бар ҳимматаш

Суҳбат ӯро баҳо умраст гуфтем эй дареғ

Умр бигузашт ва надонистем қадари суҳбаташ

Гар дилами расвои кӯй ёр шуд макун

Чун кунад ин буд аз хон иродати қисматаш

эй хаёлии кунҷ танҳоӣ гузин то баъди изоин

Ғам хӯрем ва ҳам ба ҳам гӯйем шукри неъматаш