Гар биёбад шарафи хизмати он ҳури малик
Кӣ фурӯд оварад аз кибр дигар сар ба фалак
Моҳ аз оризи ту мунфаилу оби хаҷал
Шуд ва доданд гувоҳии зи само то ба смк
Писта шӯр занад бо лаби ширини ту лоф
Санг бар сари пай он мехӯрд он кӯри намак
Кард бар қалбии худ нақди дили иқрор ва ҳануз
Дам ба дам мезанадаш ишқи ту бар санги маҳак
Охир аз ҷаври рақиби ту хаёлӣ донист
Ончӣ дар боби адоват ба гадо дораду ск