Номаи тоъату исён чаҳ сифед ва чаҳ сиёҳ
Сарнавишти азали ин буд касеро чаҳ гуноҳ
Гар набошад назари лутф буд коҳ чу кӯҳ
Вар буд ҷазба тавфиқ шавад кӯҳ чу коҳ
Тоҷдорони ҷаҳони пайрав фармон тавонад
Зонкаҳи ин қавм сипоҳанд ва туе мейри сипоҳ
То ту бар роҳ иродат нанаҳй рӯй ниёз
Нашӯй аз тарафи аҳли сафо рӯй ба роҳ
Дар тавофи ҳарами васл хаёлӣ башитоб
Ки дарозаст раҳи бодияи умрати кӯтоҳ