Шуд боз ба дидори саҳари чашми ҷаҳонӣ

Бедор нашуд бахти аҷаби хоби гаронӣ

Моро хабар аз меҳнату андӯҳи замона

Вақтаст ки беёд ту бошем замонӣ

Шак нест ки Тифли раҳи арбоб тариқ аст

Перӣ ки нагуфтааст иродат ба ҷавонӣ

То дида чаҳ номаҳраме дид зи ашкам

Каз хонаи мардум ба дараш кард равонӣ

Касро набӯд мояи қадари ту хаёлӣ

Гар ёр бигӯед ки саги мости фулонӣ