Гар ту эй шамъи шабии ҳам нафас ман бошӣ
Чаҳ дуои хуштар аз инаст ки равшан бошӣ
То буд донаи холи ту бар оташ шарт аст
Ки ба фармони ман сӯхта хирман бошӣ
Бо муҳибони балои каши магар эй аҳди шикан
Дӯстии ту ҳаминаст ки душман бошӣ
Бандаи нахли қади ёри шӯ эй дил агарат
Ҳавас инаст ки озода чу сӯсан бошӣ
Оби рӯе ба аз ин нест хаёлӣ ки чу об
Сарфарозӣ бигзорӣ ва фурӯтан бошӣ