Мо надорем ба ғайр аз ҷигари аФгорӣ
Кӯи табибӣ ки шавад чорагар беморӣ
Бори ҳиҷри ту гаронаст маро бар дили риш
Ки биёбем шабӣ бар дар хизмати борӣ
Дил ба савдои ту дар бохтаам лек чаҳ суд
Ки накардӣ дирами қалби марои бозорӣ
То қадам дар ҳарами каъба таҷред задем
Сухан дӯст шунидем з ҳар деворӣ
Дар чунин ҳол ки афтод хаёлӣ аз пой
Магар аз дасти қабул ту барояд корӣ