Бо шамъ чу гуфтам ки нишони ғам дил чист

Аз сӯзи дили сӯхта оҳӣ зад ва бигирист

Гирам ки шавам зи оби Хизри зиндаи ҷовид

Чун хок нашуд дар раҳи ту хок бар он зист

Ҷое ки ниҳоли қади раъноӣ ту бошад

Гар сарв чаман бошаду не ҳар ду мусовӣаст

Бошад ки саги кӯии ту бар дида наад пой

Моро ҳавас инаст аз ӯ пресс ки бар чист

Шухӣ ки кашад теғи ҷафои ғамза ёр аст

Ёрӣ ки аз ӯ хӯни хаёлӣ талабад кист ?