То сарви марои ориз чун ёсуманӣ ҳаст

Дар ҳар чамании нағмаи сарое чу манӣ ҳаст

Савганд ба ёрӣ ки ҳавоӣ дигарам нест

Рӯзӣ ки маро бар сари Кувайт ватанӣ ҳаст

Бовар натавон кард ки дар боғ ба хӯбӣ

Чун оризи ту ёсуманӣ ё , саманӣ ҳаст

эй шӯх ки ҳеҷат ба дуъогӯ назарӣ нест

Бар гӯй агар аз тараф ӯ суханӣ ҳаст

Зинҳор ки бар шеваи он чашми хаёлӣ

Фитна нашӯй зи он ки дар он фитна фаннӣ ҳаст