Дило бунёди ҷонро муҳкамӣ нест

Дар ӯ ҷузи ғами асос хуррамӣ нест

Чаҳ пӯшами рози дил аз ту чу ҳаргиз

Миёни мо ва ту номаҳрамӣ нест

Агар дар равзаи ризвони сад раҳ аз ҳур

Туро беҳтар надорад одамӣ нест

Маро ҳар лаҳзаи расво кардан эй ашк

Ба пеши мардумон аз мардумӣ нест

Агар чаҳ моҳи нав бисёр хуб аст

Ба хӯбии абрӯятро зу камӣ нест

Даруни хилвати ғам бо хаёлӣ

Ба ғайр аз нолаи касро ҳамдамӣ нест