Дили васл ту мехоҳаду длхўост ҳамин аст
Чизе ки маро аз ту таманност ҳамин аст
Гуҳ гуҳ гузарад сарви қадат бар гузари чашм
Майлӣ ки қадатро тарафи мост ҳамин аст
Мо аз ду ҷаҳони чашм ба рухсор ту дорем
Кони қибла ки манзури нзрҳост ҳамин аст
Гуфтам ки қадати сарв равонаст ту аз ноз
Сар май кашӣ аммо сухани рост ҳамин аст
Ойини вафо аз ту хаёлӣ на кунун хост
Умрии сет ки моро зи ту дархост ҳамин аст