Дилӣ ки сарф ту шуд нақди ишқ қимат ӯст

Чаро ки қимати ҳаркас ба қадар ҳиммат ӯст

Чу нияти ту савобаст қибла ҳоҷат нест

Баннои қиблаи ошиқ бар асл ният ӯст

Ба қавли пери Муғони бути парастро чаҳ гуноҳ

Чу ҳарчӣ ҳаст намӯдори акс талъат ӯст

Тавонгарӣ ту ба зуҳд эй фақиҳу мағрурӣ

Маро ки муфлиси ишқами назар ба раҳмат ӯст

Агар ба каъбаи васлаш наме расм ғам нест

Ҳамин басаст ки ҳамроҳи ман муҳаббат ӯст

Қабул кун ба ғуломии хаёлии худ ро

Ки доғи бандагии ту нишон давлат ӯст