Ки медонад май шавқ аз чаҳ ҷом аст

Ба ҷузи чашмат ки ӯ маст мудом аст

Шароб ар бо ту нав шуд дил ҳалол аст

Вагарнаи ин сифат бар вай ҳаром аст

Дило бигузар зи худ кандар раҳи ишқ

Нахустин гуфта тарки нанг ва ном аст

Биҷузи савдои абрӯии ту дигар

Ҳамаи кори маи нав нотамом аст

Сари зулфи туро мурғӣ ки донад

Кадомаст ва ба дар монад ки дом аст

Хаёлигар чу шамъии зи оташи дил

Насӯзӣ хештанро кор хом аст