Ҳар хастаи хотирӣ ки чу неи чашм боз нест

Дар пардаи муҳаррами сухани аҳл роз нест

По дар гуласт ҳиммати кӯтоҳи дасти ту

Варна тариқи каъбаи васлаш дароз нест

Пой аз сари ниёзи буна дар раҳи талаб

Зоди раҳе чу ба зи тариқ ниёз нест

Инкор бар ҳақиқати ишқам касе кунад

Кови воқиф аз ҳақиқати ишқ муҷоз нест

Бишинав насиҳатӣ ва ҳазар кун зи оҳи ман

Машну ки оҳи сӯхтагон ҷонгдоз нест

Бо ҷаври даври сози хаёлӣ ва сабр кун

Кори ту гар насохт чаҳ шуд кор соз нест