Бигзор дар он кӯии ман ашк фишон ро
То дида диҳад оби гулу сарви равон ро
Мапаснд барон рух ки фитад сояи гулбарг
Гулбарг таҳаммул накунад бори гарон ро
Душвор кашад нақши ду абрӯии ту наққош
Осон натавонанд кашӣдан ду камон ро
Гуфтам ки лабати зери ду дандон чу бигирам
Дорам нигаҳаш гуфт нигаҳи дори забон ро
Ғайр аз дили ошиқ чу нашуд чиз батон гум
Ин турфа чаҳ карданд даҳонроу миён ро
Бӯсии ду лабаш гуфт биёу зқни ёр
Шуд зомини он ваъдаи ҳам инро ва ҳам он ро
Бигирифт камоли он зқн акнӯн ба тақозо
Ореи бадал хасм бигиранд змон ро