Беғамат шод мабод ин дили ғампарвар мо
Ғмхўр эй дил ки биҷуз ғам набӯд дар хури мо
Дардмандем ва хабар медиҳад аз сӯзи дарун
Даҳани хушку лаби ташнау чашмтар мо
МФлсоним ки дар давлати савдои ғамат
Ҳосил ҳар ду ҷаҳон ҳеҷ наярзад бар мо
Гар ту дар миҷмараи ғами дили мо сӯзоне
Ҳамчунон буи ту ёбанд зи хокистари мо
Мекунам шоҳӣ аз он рӯз ки гуфтӣ ба рақиб
Кин гадо кист ки ҳаргиз наравад аз дар мо
Дили мо гум шуду ҷуз бод наёбем касе
Ки шавад ранҷау оради хабари дилбари мо
Қимати суҳбати мо дон ки ҳамин дам бошад
Ки баради ҳиҷри ту аз кӯии ту дардисари мо
Узри соҳиб назаронаш шавад он дами равшан
Ки бибинад ма рӯй ту маломатгари мо
Сифат рӯй ту то дар қалам оварад камол
Гули баради нусхаи ҳасан аз варақи дафтари мо