Дили зи дастам ба талабкорӣ ёрӣ рафтаст
Дайр хоҳад ба ман омад ва ба корӣ рафтаст
Ҳар қарорӣ ки ба дил дорам азу хоҳад рафт
Ки ба дилдорами азин гӯна фирорӣ рафтаст
Рафт дар кӯии ту сад ҷони гирифтор ба бод
То ба бод аз гиреҳи зулфи ту торӣ рафтаст
Бо хаёли хати мишкӣни даҳани танги тавъам
Кӣ шавад дида чу дар дида ғуборӣ рафтаст
Ҳар куҷои зулф кашон рафт барои гуфтанд
Ганҷи рашти барин роҳ ки борӣ рафтаст
Ҳамаро кишти бзорӣ ва пас аз хок шудан
Нашунидем ки манро ба мазорӣ рафтаст
Агар аз заъф наёрад бар ӯ рафт камол
Бар дараш ҳар саҳарии нола зорӣ рафтаст