Ғамат дорам марои шодӣ ҳамин аст

Аз бахтами ҷои озодӣ ҳамин аст

зи бедодати хароб обод шуд дил

Дарин вайронаи ободӣ ҳамин аст

Дигар бедод накунам бар ту гуфтӣ

Маро дод аз нави бедодӣ ҳамин аст

Туро дар дили з мо гуфтӣ чаҳ шодӣ аст

Ғуломи тести дили шодӣ ҳамин аст

Накар омухти чашмат аз нави шева

Дарин шогирдии устодӣ ҳамин аст

Аз ман пурсӣ дилӣ чун сайд кардам

Чаҳ гӯям ҳади сайёдӣ ҳамин аст

Камол аз худ бабр онгаҳ рӯи ин роҳ

Ки қатъ инчунин водӣ ҳамин аст