Кӣ чораи дарди ман бечора надонист

Дил хӯн шуд азин дарду ҷузи ин чора надонист

Дардам ба табиб ар чаҳ бадингуна нагуфтанд

Чун буд ки аз гӯна рухсора надонист

Дар таҷрибаи сангдилони сахт хато кард

Онкас ки дилати сахттар аз хора надонист

Дар матбахи ишқи ту кабоби дили мо ро

Лиззат ба аз он ғамза хунхора надонист

Донист дили ғмздаҳи дафъи ҳамаи андӯҳ

Дафъи ғами маъшӯқ ситамкора надонист

Шуд умри талабкор барои талаби охир

Охири хабарӣ аз дил овора надонист

Мижгони камоли ин ҳамаи сӯзан чаҳ диҳад об

Чун духтани хирқаи сад пора надонист