Гар ҷониби муҳиби назарӣ бо ҳабиб ҳаст
Ғам нестгар ҳазор ҳазораш рақиб ҳаст
Бо кас магӯ ки чора кунанд дарди ишқ ро
эй хоҷагар табиб набошад ҳабиб ҳаст
Сар дар макаши зи нолаи мо эй дарахти ноз
Ҳарҷо ки ҳаст шохи гулӣ андалеб ҳаст
Гӯшӣ ки шуд ба ҳалқаи ишқи бенон гарон
Нашунидаам ки қобили панд адиб ҳаст
Гар шаҳна май баради сари воъиз ба теғ кунад
Кори шамшери занги хӯрдаи бадаст хатиб ҳаст
Дар хӯрд гӯши бори бадасти ман ғариб
Гар нест гавҳарии суханон ғариб ҳаст
Аз ҷоми васл ҳам расадат қатраи камол
Каз ҷуръаи хокро ҳама вақте насиб ҳаст